Select your region
and interface language
We’ll show relevant
Telegram channels and features
Region
avatar

Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана

kmt_tj

Национальная библиотека Таджикистана

Subscribers
2 460
Post views
3 558
ER
144,08%
Posts
342
July 31, 06:09
Media unavailable
1
Show in Telegram

📣
АНОНС. ҲАМОИШИ “АБӮАЛИ ИБНИ СИНО – ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ВА МУТАФАККИРИ ҶАҲОНӢ”
📆
1-уми августи соли 2025 дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши илмӣ- маърифатӣ таҳти унвони “Абӯали ибни Сино – фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва мутафаккири ҷаҳонӣ ” баргузор мегардад.
📚
Ҳамоиши илмӣ ба 1045-солагии бузургдошти нобиғаи олами илми башарӣ бахшида мешавад.
🔹
Дар ҳамоиш иштироки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, собиқадорони соҳаи тиб, донишмандон, адибон, табибони ҷавони кишвар – пайравони пури Синои бузург ва намояндагони васоити ахбори омма дар назар дошта шудааст.
📆
Замони баргузорӣ
:1-августи соли 2025.
🕘
Соат
: 10:00.
♦️
Макон
: Китобхонаи миллӣ.
Вуруд озод
————————————————————————————
▶️
Китобҳои электронӣ дар бойгонии телеграмканали мо

April 15, 09:14
Media unavailable
1
Show in Telegram

Чанд факт дар бораи устод Садриддин Айнӣ
1
)
Гарчанде дар ҳама ҳуҷҷатҳо соли таваллуди Айнӣ соли 1878 қайд шуда бошад ҳам, лекин худи ӯ таъкид мекунад, ки "....дар асл соли 1875 таваллуд шудаам."
2) Садриддин Айнӣ пеш аз тахаллуси "Айнӣ" ро интихоб карданаш бо тахаллусҳои "Муҳтоҷӣ","Ҷунунӣ" ва "Сифлӣ" эҷод кардааст.
3) Нахустин шеъри Айнӣ "Гули сурх" ном дорад, ки онро соли 1895 нависта буд.
4) Устод Садриддин Айни дар нахустин мактаби тоҷикӣ усули нав, ки дар Бухоро, дар ҳавлии Абдулвоҳиди Мунзим кушода шуд, барои тоҷикбаччагон дарс мегуфт.
5) "Дохунда" аввалин романи Айнӣ ба шумор мешавад.
6) С.Айни нахустпрезиденти АИ ҶШСТ(Ҷумҳурӣ Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон) мебошад.
7) Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100 солагии устод дар тамоми дунё қайд карда шуд.
8)
8 сентябри соли 1997 бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Айнӣ Унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" дода шуд.
Таҳияи Озод Ҳодизода
#донистан_хуб_аст
Ба дӯстон ирсол намо:
👇
👇
👇
@tafakkur_tjk

February 07, 10:52
Media unavailable
1
Show in Telegram

📕
БИЁ, КИ ФОЛАТ БИНАМ
📖
Китоби
«
Биё, ки фолат бинам
»
аз
✍️
Холиқназар Ҷумъазода маҷмӯи латифаҳо
ва хотироти
ҳаҷвиеро
дар бар мегирад, ки аз зиндагии воқеӣ ва саргузаштҳои муаллиф, инчунин сӯҳбат бо мардум гирд оварда шудааст.
Нахандеду бинед!!!
📍
Метавонед,
аз ин ҷо
боргирӣ ва мутолиа кунед!!!
⤵️
📚
Биё, ки фолат бинам

January 15, 06:11
Media unavailable
1
Show in Telegram

Ошноӣ бо шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ
(ВИДЕО)
🪙
Шуъбаи адабиёти хориҷӣ таърихи 87-сола дорад. Он соли 1938 ҳамчун бахш таъсис ёфта, аз соли 1956 ба сифати шуъбаи алоҳида фаъолият менамояд. Фонди шуъбаи адабиёти хориҷиро беш аз
📚
47093 нусха китоб,
26701 маҷалла
ва
2549 баста рўзнома
бо 63 забони мухталифи ҷаҳон фаро мегирад, ки бештари он адабиёт доир ба фарҳанг, ҷуғрофия, забоншиносиву адабиётшиносӣ, таърих ва дигар илмҳо мебошад.
Ҳамзамон дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ гӯшаи китобҳои 19 кишварҳои узви ИДМ, Аврупо ва Осиё ташкил карда шудааст. Ин гушаҳои китоб асосан ҳамчун туҳфа аз сафоратхонаҳои ин кишварҳо мукаммал гардонида мешавад
.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
facebook
|
Telegram
📚
Китобҳои электронӣ

January 14, 10:03

ТАҚДИМИ 200 НУСХА КИТОБ АЗ USAID БА КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ
Оҷонсии
рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар доираи лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллӣ 200 нусха китоб туҳфа намуд.
Қисме аз ин китобҳо ба хати брайлӣ (барои нобиноён) ва қисми дигар барои камбинону ношунавоён аст, ҳамчунин барои кӯдакону наврасон низ пешбинӣ шудаанд.
Гунаи электронии 10 китоб аз ин силсиларо метавонед дар суроғаи зер бихонед:
🔜
"Ҳамроҳ бихонем"

January 13, 06:49
Media unavailable
1
Show in Telegram

📆
Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)
“Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)” идомаи силсилаи “Тақвим”-ест, ки ҳамасола аз ҷониби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр мешавад.
Китобхонаи миллӣ нашри онро аз соли 1964 оғоз намудааст ва он ҳамасола (ба истиснои солҳои 1993- 1996) бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нашр мерасид. Ҳамчунин, тақвими мазкур дар сомонаи расмии Китобхонаи миллӣ (
www.kmt.tj
) дарҷ мегардад...
🔝
📆
Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2025)

January 11, 04:59
Media unavailable
1
Show in Telegram

ОДАМОНИ МАШҲУР ВА ХАЗИНАИ ОНҲО
🔎
АҶОИБОТИ ОЛАМИ КИТОБ
Олими машҳур Д.И.Менделеев дар китобхонаи шахсиаш оиди илмҳои кимиё, физика, агрономӣ, ҷуғрофиё, иқтисод, нақлиёт ва адабиёти бадеӣ зиёда аз 20 ҳазор китобро ҷамъ оварда буд. Ғайр аз ин, дар китобхонаи Д.И.Менделеев беш аз 600 нусха дастхат, мақолаҳои ӯ боқӣ монда буданд.
Китобҳои электронӣ

December 18, 05:15
Media unavailable
1
Show in Telegram

💢
5 КИТОБИ ПУРАРЗИШ АЗ ЗАФАР САИДЗОДА ДАР ИРТИБОТ БА КОРНАМОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
📖
Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори давлатдории муосири тоҷик
📖
Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
📖
Тоҷикистони муосир; масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ
📖
Суханҳои ҳикматомӯзи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забон
📖
Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
📚
Китобҳоро аз
бойгонии китобҳои электронӣ
дастрас карда метавонед!!!

December 11, 09:04
Media unavailable
1
Show in Telegram

АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ТОҶИК
📖
ХАЁЛПАРАСТ
#адабиёти_бачагона
Дар як деҳае пиразане зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз як мурғе дигар моле надошт. Ин мурғ ҳар рӯз яктоӣ тухм мезоид. Ин занак тухмҳоро ба сабаде нигоҳ медошт. Пиразан як писаре ҳам дошт, ки хеле танбал буд! Ҳеҷ коре намекард дар ҷои худ фақат хоб мерафт. Агар дар болояш жола борад ҳам аз ҷояш намехест.
Боре занак ба писараш гуфт...
Идомаи афсонаро аз пайванди зер бихонед:
⤵️
ХАЁЛПАРАСТ
_____________________________________

September 15, 16:08
Media unavailable
1
Show in Telegram

📗
Як китоби хуб баъд аз ду бор хондан беҳтар мешавад ва баъд аз саввумин бор олӣ. Ҳар китобе, ки арзиши ду бор хонданро надошта бошад, куллан арзиши хонданро надорад.
Насим Толиб, нависандаи эронӣ
“Китобхон”
-ро пайгир бошед