Select your region
and interface language
We’ll show relevant
Telegram channels and features
Region
avatar

Китобхонаи миллӣ | Национальная библиотека

kmt_tj
Национальная библиотека
Subscribers
2 164
24 hours
30 days
-2
Post views
379
ER
17,51%
Posts (30d)
5
Characters in post
652
Insights from AI analysis of channel posts
Channel category
Books
Audience gender
Female
Audience age
35-44
Audience financial status
Middle
Audience professions
Education
Summary
August 26, 09:01
Media unavailable
1
Show in Telegram


Паймон. “Осори баргузида”, Ҷилди 1.

Шоири маъруфи тоҷик, Паймон ба муносибати 70-умин солгарди умр фаъолияти 50-солагии адабии хешро як навъ ҷамъбаст карда, асарҳояшро таҳти унвони “ОСОРИ БАРГУЗИДА” дар панҷ ҷилд мураттаб намудааст.
📌
Ҷилди нахустини ин панҷгона аз шеърҳои тӯли солҳои гуногун навиштаи шоирро дар бар мегирад. Паймон дар ашъори худ ишқи илоҳӣ, меҳри модар, ҳусни ёру табиати мафтункунандаи диёр, муҳаббату садоқат ба олами атроф, бузургони халқу милат ва мавзӯи азаливу абадии банӣ башар ва дӯстиву ростиро тараннум менамояд.
📚
Хоҳишмандон ҷилди аввали “Осори баргузида”-и Паймонро дар Китобхонаи миллӣ метавонанд мутолиа кунанд.

August 26, 06:39
Media unavailable
1
Show in Telegram


Наргис (Қурбоной Давлатзода). “Забони об”
📌
“Забони об”-и Наргис ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2025 ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда, ашъори ахиран сурудаи муаллифро дар бар мегирад.
📚
Хонандагон ҳоло имкон доранд бо китоби нави Наргис “Забони об” дар Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.

August 26, 06:29
Media unavailable
1
Show in Telegram


“Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони муосир”
📌
“Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар замони муосир” - дастури нави библиографиест, ки ба тозагӣ зери назари доктори илмҳои педагогӣ Лутфия Абдухолиқзода дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шудааст.

Дастур бо мақсади нишон додани дӯстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва боз ҳам таҳкиму тақвият бахшидан дар самтҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба даст овардани сулҳу субот, истиқлолияти ду кишвар ва робитаҳои дӯстию бародарӣ таҳия гардидааст.

August 19, 11:40
Media unavailable
1
Show in Telegram


Муҳаммадуллоҳ Табарӣ: “Драмаи муосири тоҷик”
📌
Китоби нави театршинос ва мунаққиди шинохтаи театр М.Табарӣ ба масъалаҳои муҳимтарини драматургияи миллӣ бахшида шудааст. Муҳаққиқ бо такя ба таърихи пурифтихори драматургияи тоҷик вазъи кунунии онро мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор додааст. Дар очеркҳои ҷилди якуми китоб бурду бохти ин навъи муҳими адабӣ ҳамвора бо равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии охири асри XX ва оғози асри XXI ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.

Китоби “Д
рамаи муосири тоҷик” б
арои муҳаққиқони соҳаҳои адабиёт ва ҳунар, донишҷўёни риштаҳои адабиву ҳунарӣ, журналистон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
📚
Хо
ҳишмандон китоби “Драмаи муосири тоҷик”-и Муҳаммадуллоҳ Табариро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

August 19, 11:33
Media unavailable
1
Show in Telegram


Манижа Саидисломзода. “Оворагард”
📌
Романи "Ов
орагард"-и
Манижа Саидисломзода асари хеле ҷолибу хонданбоб аст. Банду баст, шеваи баён, руҷуъҳои равоншинохтӣ ва андешарониҳои мутафаккирона, ки аз камоли истеъдод ва рушди зеҳнии нависандаи ҷавон шаҳодат медиҳанд, ҳама дилчаспу дилнишинанд.

"Ов
орагард" н
а танҳо достони як фард, балки инъикоси зиндагии воқей, шинохти арзишҳои инсонӣ ва ҷустуҷўйи маънии зиндагӣ аст. Муаллиф бо ҳассосияти баланд муносибати инсон бо муҳит,ҷомеа ва худи ўро дар зеҳни хонанда ба тарзи хеле таъсирбахш ва фаромўшнопазир наққошӣ мекунад…
📚
Хоҳишмандон романи Манижа Саидисломзода “Оворагард”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

August 07, 12:42
Media unavailable
1
Show in Telegram


Муҳаммадюсуф Имомзода, Замирахон Ӯлмасова. "Таърихи адабиёти тоҷик"
📌
Китоби дарсии "Таърихи адабиёти тоҷик" (давраи нав) ба сифати китоби таълимии таърихи адабиёти тоҷик аз ох
ири асри XIX то аввали қарни XXI
пешниҳод шуда, барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон, унвонҷӯён, омӯзгорони фанни адабиёт ва соири алоқамандони каломи бадеъ тавсия гардидааст.

Дар китоб даврабандии адабиёти муосири тоҷик ва махсусиятҳои он, масъалаҳои равишу тамоюлҳои инкишофи адабиёти нави тоҷик, заминаҳои ташаккули равияҳои маорифпарварӣ, ҷадидӣ, намояндагони онҳо, ҷараёни рӯзгор ва осори шоирону нависандагон, вижагиҳои осори адибони асри XX ва сиву панҷ соли Истиқлоли давлатӣ, намунаҳои арзишманди адабиёти ин давра бо диди нав баррасӣ шудааст.
📚
Хоҳишмандон китоби Муҳаммадюсуф Имомзода ва Замирахон Ӯлмасова «Таърихи адабиёти тоҷик» -ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

August 07, 12:34
Media unavailable
2
Show in Telegram


Иоҳан Гёте. "ФАУСТ"
📌
Ин нусхаи аслии «Фа
уст», с
о
ли 1899 б
а табъ расидааст. Достон аз ҷониби шоири машҳури рус Александр Фет аз забони олмонӣ ба русӣ тарҷума шудааст. Ду қисми ин шоҳкории Гёте дар як ҷилди бузург ҷо дода шудааст.

Китоб бо андозаи азим ва тарҳи нотакрораш аз дигар китобҳои фонд ба кулли фарқ мекунад. Вазни он тақрибан 10
килограмм б
уда, ҳар як саҳифааш намунаи баланди санъати китобороии охири асри XIX-ро муаррифӣ мекунад.
📚
Шоҳкори безаволи Иоҳан В
олфанг фон Гёте - яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти классикии Олмон "Фауст" да
р шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад.

August 04, 12:59
Media unavailable
1
Show in Telegram


Шодӣ Раҷабзод. “Дасти боло”

Ҳи
кояҳои маҷмуаи “Дасти боло”-и Шодӣ Раҷабзод мазмуну муҳтавои рангину муассир ва хотирмон доранд. Ин ҳикояҳо мавзуъҳои гуногунро фаро мегиранд, вале мавзуъҳои ҷовидониву ифтихории адабиёт – ватандориву ватандӯстӣ, одаму одамгарӣ, некиву накукорӣ ва тарғиби хисоли ҳамида дар меҳвари онҳо қарор гирифтаанд.
📚
Хонандагон имкон доранд китоби Шодӣ Раҷабзод “Дасти боло”-ро дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

July 30, 09:44
Media unavailable
1
Show in Telegram


Муродова Гавҳар Сафарова. "80 – соли боргоҳи санъат ва маърифат"

Ки
тоби "80 – соли боргоҳи санъат ва маърифат" ба 80-солагии фаъолияти Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов бахшида шуда, ба тозагӣ аз чоп баромадааст.
📌
Маҷмуаи мазкур барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳаводорони фарҳанги мусиқӣ, хусусан насли наврасе, ки дар оянда ҳаёти худро ба ин соҳа пайваст менамоянд, хидмат намуда, хамзамон барои кулли омӯзгорон, донишҷӯён, илмомӯзон, тадқиқотчиён ҳамчун маводи иттилоотӣ ёрирасон гардида, фазои фарҳангии кишварро то андозае ғанӣ мегардонад.
📚
Хонандагон китоби Му
родова Гавҳар Сафаровна «80-соли боргоҳи санъат ва маърифат»-
ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

July 30, 09:39
Media unavailable
1
Show in Telegram


"Луғати лотинӣ-русӣ-тоҷикии истилоҳоти тиббӣ"

Му
раттиби ин китоб омӯзгори забони лотинии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, номзади илмҳои филологӣ Ҳадиса Сангова буда, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пештар рӯи чоп омадааст.
📌
Забони лотинӣ-забони истилоҳоти байналмилалӣ ва забони касбии табибон маҳбус меёбад. Аз ин рӯ, дар аксарияти забонҳои дунё истилоҳот аз забони лотинӣ ва юнонӣ бидуни тарҷума қабул ва корбурд мешаванд. Инро мо дар истилоҳоти соҳаи тиб низ мушоҳида менамоем.Ин
луғат ба донишҷӯёни соҳаи тибб, биология ва ҳамаи шахсоне, ки ба тибб алоқаманданд муфид хоҳад буд.
📚
Китоби мазкурро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.