Select your region
and interface language
We’ll show relevant
Telegram channels and features
Region
avatar

𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 ོ

alhanafiya
Шабакаи 𝐀𝐋 𝐇𝐀𝐍𝐀𝐅𝐈𝐘𝐀 дар хидмати шумост. Шумо метавонед суолҳои фиқҳӣ ва ақидавии худро дар ин шабака навишта ва тибқи мазҳаби имом Абу Ҳанифа посух гиред. Дар ин шабака илова бар ин, фоидаҳои фиқҳӣ, ақадӣ ва ахлоқию адабиро аз худ намоед.
Subscribers
929
24 hours
30 days
-4
Post views
289
ER
0,24%
Posts (30d)
48
Characters in post
537
December 10, 20:55


Азизи дилам
!
Бо мурури замон, сахтиҳои зиндаги осону, талхиҳояш ширин мегардад, сабур бош. Вагар на, солҳои дароз бо дили сӯхта ва бо ашкҳои пинҳони, ҳеҷ чиз иваз нахоҳад шуд.
☛ Дигаронро насӯзон, вагар на худ хокистар шавӣ.
🪶
Tolibilm Abu Umayr

December 09, 15:54

Яке аз офатҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва мунташир шудани аҳли бидъат :
Мардуми авом баъзан чунон аз шубуҳоти вазнин суол мекунанд, ки барои ҷавобро дуруст дарк карданашон, ҳадди ақал панҷ ва ё шаш сол, бояд бо як манҳаҷи салим илм омузанд.
Шубуҳот ба мисли санг, сабуку вазнин дорад, ва бидуни қуввати илмӣ, набояд мардуми авом ба аҳли бидъат гӯш андозанд, вагарна дар зери вазни вазнин пахш шуда ҳалок мешаванд.
Tolibilm Abu Umayr

December 09, 13:35

https://youtu.be/tZJ58VrReO4
#Имом_Мотуриди

December 08, 14:54
Media unavailable
1
Show in Telegram

САВОЛ
:
Ас Саламу алайкум ва раҳматуллоҳи ва боракатуҳ
: «Агар инсон оби таҳорат (вузу) наёфта таяммум гирифта намозро адо намуд, сипас баъд аз адои намоз об ёфт, оё ӯ ин намозро аз сари нав бояд адо кунад?»
ҶАВОБ:
Ва алайкум ас салом ва раҳматуллоҳ
: «Не, дар чунин ҳолат намозро аз сари нав адо намекунад».
Сабаб
: Таяммум дар ин ҳолат амали дуруст (саҳеҳ) ва шаръан ҷоиз аст, зеро об мавҷуд набуд ва таямум бошад халифаи вузӯ гашт. Пас намозе, ки бо чунин таяммум гузошта шавад, эътибор дорад ва намозе ки бо он адо шудааст, онро такрор кардан лозим нест.
Тавзеҳи муҳим:
Агар об ҳангоми адои намоз ёфт шавад (масалан, дар давоми ракаъати якум), пас намозро қатъ намуда ва бо об таҳорат гирифт намозро аз нав адо хоҳад кард.
📚
Нигаред: «Ал-Ихтиёр ли таълил ал-Мухтар» (1/98), нашриёти «Дору таҳқиқ ал-Китаб».
🖋
Муози Нурӣ.
Ва Аллоҳ Таъоло донотар аст.
الإختيار لتعليل المختار
(١/٩٨) دار تحقيق الكتاب:
(
وَلَوْ صَلَّى بِالتَّيَمُّمِ ثُمَّ وَجَدَ المَاءَ لَمْ يُعِدْ
) لأنَّه أتى بما أُمِرَ به وهو الصَّلاة بالتيمم، فخرج عن العهدة. (
وَإِنْ وَجَدَهُ فِي خِلَالِ الصَّلاةِ تَوَضَّأَ وَاسْتَقْبَلَ
) لأنَّه قدَرَ على الأصل قبل حصول المقصود بالخلف، ولأنَّ التَّيمم ينتقض برؤية الماء، فانتقضت طهارته، فيتوضأ ويستقبل.
................................................
💛
https://t.me/alhanafiya
✅️

December 08, 14:25
Media unavailable
1
1
Show in Telegram

Мегӯянд :
Дар толибилмон кибру ғурур зиёд дида мешавад, баъд аз як муддати кӯтоҳе садоҳои борикашон ғафс, қоматҳои хамзадаашон рост, рафиқонро намешиносанд, аз боло назаркун мешаванд ва ҳатто ҳазлу шухиро ҳам таҳаммул надоранд ...
Баъд аз ин гуфтаҳо рости аз худ хавотир шудам ...
"
ё ман манам ё ман ман не, ман каси дигарам
"
©
Tolibilm Abu Umayr
................................................
💛
https://t.me/alhanafiya
✅️

December 05, 19:41


Аз ҳама хатои калонтарин дар тарбияи фарзандони хурдакак, ҳангоми бе одоби ва ё хато кардан, дар зери лату кӯб қарор додани онҳо мебошад.
☛ Аз фарзандони хурдсоли хеш, мисли муомилаи калонсолон ( бо ақлона, бо адабона ва бо ҳикматона ) асло интизор нашавед. Дар акси ҳол, бидуни ҳеҷ фоидае ҳам худро ва ҳам фарзандони хешро азият хоҳед дод.
☛ Кӯдак мешиканад, мезанад, мерезонад, мечаконад, меафтад, меафтонад ... ва ин ҳама оддист, чун ӯ кӯдак аст.
☛ Бидон ! Аз кӯдак кӯдакӣ аз калонсол бошад калонсолӣ интизор бояд шуд. На бар акс.
Tolibilm Abu Umayr

December 04, 05:08


Занҳо ва духтарҳои ҳиҷобдори урёни бараҳна !
❶ Ҳадаф аз сатру ҳиҷоб борикии миён, паҳнии поёнро нишон додан нест, Аз Аллоҳ битарс !
❷ Ҳадаф аз ӯ, назари ҷавононро зиёдтар ҷалб карда, мафтун ва асири хеш қарор додан нест, аз Аллоҳ битарс !
❸ Ҳадаф аз ӯ, аксу навор гирифта дар шабакаҳои иҷтимоӣ - мисли тик-ток инстаграм - матраҳ карда ва ба мисли мол ва матоъи дунявӣ, барои худ харидор ҷустан нест, аз Аллоҳ битарс !
❹ Ҳадаф аз ӯ, бадан ва аъзоҳои худро ошкор карда, бе сухан аз зебогии худ маълумотҳои дақиқ додан нест, аз Аллоҳ битарс !
☛ Балки ҳадаф аз сатру ҳиҷоб, амри Аллоҳ таолоро бар ваҷҳи матлуб ба ҷой овардан ва бар акси ин гуфтаҳост.
Tolibilm Abu Umayr

December 03, 11:17
Media unavailable
4
Show in Telegram

Не хиджаб
Закрыть аурат = покрыть любой тканью части тела, являющиеся ауратом так, чтобы цвет кожи не просвечивал.
Быть в хиджабе = покрыть широкой тканью части тела, являющиеся ауратом так, чтобы это максимально скрывало формы. Кроме этого, чтобы соблюсти хиджаб, не должно быть парфюма, косметики, каблуков, украшений. Должна быть скромность и сдержанное поведение. Если одного из пунктов нет, то считается, что она без хиджаба.
Если мусульманка вышла на улицу с закрытым ауратом, но без хиджаба, то ей записывается большой грех (харам) за сам выход в таком виде и за каждый взгляд мужчин на нее в таком виде. Кроме этого, это считается общественным грехом, что сильнее по тяжести в отличие от греха, совершенного в одиночестве.
Кроме того, взгляд на одежду, которая очерчивает форму, запрещен, даже если кожа не просвечивается.
От пупка до колен должно быть свободным даже среди женщин.
Если она будет закрывать лицо маской или никабом (в зависимости от местности), то это будет лучше и из богобоязненности.
Далили из фундаментальных книг ханафитского мазхаба
приведены по ссылке

December 03, 05:28
Media unavailable
1
Show in Telegram

السواد الأعظم على مذهب الإمام الأعظم
ابو حفص الصغير الحنفي
محقق: أكرم محمد إسماعيل
دار النور  2022

December 03, 05:28