Select your region
and interface language
We’ll show relevant
Telegram channels and features
Region
avatar

FC Ravshan Kulob | ФК Равшан Кулоб (1965)

fcravshan
🇹🇯 Официальный канал футбольного клуба «Равшан» Куляб
Subscribers
1 298
24 hours
1
30 days
18
Post views
820
ER
63,17%
Posts (30d)
14
Characters in post
284
Insights from AI analysis of channel posts
Channel category
Sports
Audience gender
Male
Audience age
25-34
Audience financial status
Middle
Audience professions
Business & Management
Summary
July 28, 07:43
Media unavailable
1
Show in Telegram

ГЕНРИ ОКПАЛА — БОЗИГАРИ «РАВШАН»
Ҳамлагари марказии 25-сола аз Нигерия Генри Окпала ба ҳайати дастаи мо пайваст.
Ў қаблан дар дастаҳои «Сансел»-и Нигерия, «Баффлес» ва «Аспак»-и Бенин ҳунарнамой кардааст.
Окпала дар «Равшан» таҳти шумораи 9 бозӣ хоҳад кард.

July 23, 05:33
Media unavailable
10
Show in Telegram

Машқу тамринҳои Равшан пеш аз оғози нимаи дуввуми мавсим.

July 20, 22:17
Media unavailable
1
Show in Telegram

ОЛЕГ ВЛАСОВ - БОЗИГАРИ НАВИ «РАВШАН»
Вингери 23-солаи украинӣ Олег Власов ба ҳайати “Равшан” пайваст. Шартнома то охири мавсим баст шуд.
Власов аллакай аз муоинаи тибби ва санҷишҳои ҷисмонӣ гузашта, тамринҳоро оғоз кард. Ў дар корномаи худ дар дастаҳои ҷавонони "Ворскла” ва “Динамо” Киеви Украина, ҳайатҳои асосии "Челушнитса" «Спартак Миява» ва «Римавска Свобода» инчунин «Хетман Замос» ҳунарнамой кардааст.
Олег Власов дар “Равшан” таҳти рақами “27” бозӣ хоҳад кард.

July 15, 21:56
Media unavailable
10
Show in Telegram

⚽️
«Равшан» омодагиҳоро аз 15 уми июл оғоз кард!
🔹
Дастаи футболи «Равшан» аз 15 уми июл омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз кард!

July 13, 21:28
Media unavailable
1
Show in Telegram

БАХТОВАРИ ХУРШЕД БА «РАВШАН» БАРГАШТ!
Ҳимоятгари 26 сола Бахтовари Хуршед, ки дастпарвари мо аст, пас аз 6 моҳи ҳунарнамоӣ дар ҳайати «Ҳулбук», дигарбора ба «Равшан» баргашт. Шартнома бо бозингари мазкур то анҷоми соли 2027 баста шуд. Дар даста Бахтовар таҳти шумораи 14 ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Ба хонаат хуш омадӣ, Бахтовар.

July 11, 06:35
Media unavailable
1
Show in Telegram

Зодрӯз муборак, Исмоил Маҳмадзоир!
Имрӯз президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, роҳбари ширкати IM Group, шарики клуби мо, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир зодрӯзи худро ҷашн мегирад.
Аз номи роҳбарият, ҳайати даста ва тамоми аъзоёни клуб ба Исмоил Маҳмадзоир саломатии бардавом, умри пурбаракат, саодати хонаводагӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияташ комёбиҳои боз ҳам бештарро орзу менамоем.

July 09, 19:31
Media unavailable
1
Show in Telegram

Ташаккур ва барори кор, Муҳаммадалӣ Азизбоев!
Бо мувофиқаи тарафайн шартномаи ҳамкорӣ байни ҳамлагар Муҳаммадалӣ Азизбоеа ва Клуби футболи «Равшан» қатъ карда шуд.
Муҳаммадалӣ дар қисми аввали мавсим дар ҳайати дастаи мо 4 гол ба самар расонида, дар натиҷаҳои «Равшан» саҳми худро гузошт.
КФ «Равшан» ба Муҳаммадалӣ Азизбоев барои заҳмату талошҳояш дар ҳайати даста изҳори сипос намуда, ба ӯ дар идомаи фаъолияти футболбозӣ муваффақият ва барори кор орзу мекунад!

July 08, 19:54
Media unavailable
1
Show in Telegram

ШАРТНОМАИ ҲАМКОРЙ БО САИДИСРОИЛ САИДОВ БО РОЗИГИИ ТАРАФАЙН ҚАТЪ ГАРДИД
Саидисроил як сол қабл дар равзанаи тобистона ба дастаи мо пайваста, тули ин моҳҳо шаҳну шарафи "Равшан"-ро ҳимоя мекард.
Барои хизматҳояш ба Исроил миннатдорӣ баён намуда, ба ӯ барору комёбӣ дар корномааш таманно менамоем!

July 08, 05:08
Media unavailable
1
Show in Telegram

БАЁНИЯИ РАСМИ!
Клуби футболи «Равшан» бо футболбозон Алишер Раҳимов ва ду легионери ўзбекистонӣ — Ҳамидулло Абдуҳамидов ва Диёрбек Шавқиев шартномаҳои ҳамкориро бо розигии тарафайн қатъ намуд
Клуб ба футболбозон барои саҳми арзанда ва заҳматҳояшон дар ҳайати даста изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо орзу мекунад.
Ташаккур ва барори кор!

July 04, 16:24
Media unavailable
1
Show in Telegram

Ғалабаи боварибахши «Равшан» бар «Парвоз» дар бозии аввали марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон