
Видеоҳои Исломи
✅
Абу Ҳурайра ﺭَﺿِﻲَ ﺍﻟﻠَّﻪُ ﻋَﻨْﻪُ мегӯяд!!
Шунидам, ки Паёмбар -ﷺ- мефармуд!!
Ҳамай нафарони Уммати ман бахшида хоҳанд шуд, магар касоне, ки ба таври эълон, муртакиби гуноҳ шаванд. Ва яке аз навъҳой гуноҳони эълони ин аст, ки шахсе шабона муртакиби гуноҳе шавад, ва дар холе субҳ шавад, ки Аллоҳ гуноҳашро сатр карда аст. Аммо у бигӯяд!! Эй фалони!! Дишаб фалон кору фалон корро анҷом додам. Ин дар холе аст, ки Аллоҳ гуноҳашро пушонида буд, вале ӯ пардай Аллоҳро аз рӯй худаш бардошт.
📚
Саҳеҳӣ Бухори - 6069.
Масъалаи муҳим барои ҳар як зану шавҳар!
Расули Аллоҳ ﷺ аз рафтан назди занони бегона ва хилват бо онҳо бар ҳазар медорад ва дар ин маврид ҳушдор медиҳад; Чаро, ки ҳиҷ мард ва зане бо ҳам хилват намекунанд магар ин ки шайтон севумин нафари онҳо мебошад ва аз тарафе нафси инсон заиф аст ва ва ангезаҳои гуноҳ ва маъсият қави; ва мумкин аст ҳарду гирифтори гуноҳ ва маъсият шуда муртакиби амри ҳаром гарданд; аз ҳамин сабаб хилват бо номаҳрам наҳи шудааст то инсон аз шари он дар амон бимонад.
Дар ин миён марде мегӯяд: Ё Расули Аллоҳ ﷺ ба мо дар мавриди хешовандони шавҳар хабар бидеҳ; гоҳе инсон ниёз дорад ба хонаи хешовандони шавҳар биравад ки ҳамсараш (ҳамсар хешовандони шавҳар) дар хона аст, оё ин иҷоза барои ӯ вуҷуд надорад?
🌷
*Расулуллоҳ ﷺ мефармояд:
الحمو المؤت.
Яъне: фитнааш (бештар ва монанди) марг аст.
АбдулЛоҳ ибн Масъуд гуфтанд Аллоҳ лаънат кунад чинанда ва чинонадаи қош ро..
Албатта чидани қош ҲАРОМ аст барои занҳо ҳам барои мардҳо вақте ин сухан ро гуфттанд зане гуфт : Эй АбдулЛоҳ ибн Масъуд!! Ман қуръон ро аз фотиҳа то охири қуръон хондам аммо ин сухани туро наёфтам АбдулЛоҳ ибн Масъуд гуфтанд; Эй зан агар ту қуръон ро хуб ва бо татбир мехонди ҳатман сухани маро дармиёфти баъд зан пурсид Эй АбдулЛоҳ ибн Масъуд ман ин сухани туро дар кадом сура дарёбам? АбдулЛоҳ ибн Масъуд ин оят ро хонд.....
وَمَآ ءَاتَـٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَـٰكُمۡ عَنۡهُ
فَٱنتَهُوۚاْ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
Ончи РасулалЛоҳ ба шумо дод бигиред ва аз ончи, ки шкмо ро наҳий кард даст бардоред ва аз Аллоҳ таъала тақво кунед, ки Аллоҳ сахткайфар аст!
Сураи Ал'Ҳашр 59:7
Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи васаллам фармуд:«Қуръон ҳуҷҷате ба нафъи ту ё ҳуҷҷате алайҳи туст»
📚
[Ривояти Муслим]
(Агар онро тиловат намоӣ ва ба он амал кунӣ, ҳуҷҷате ба фоидаи ту хоҳад буд, дар ғайри ин сурат, ҳуҷҷате бар зарари ту хоҳад буд).
Дар дини Аллоҳ бидуни иълм ҷоҳилона сухан кардан ҳаром аст ва гуноҳаш бисёр азим аст:
Бидуни илм набояд дар бораи Аллоҳ, дар дини Аллоҳ ва дар ҳукми Аллоҳ сухан гуфт. Сухан гуфтан дар ин масоил бидуни илм метавонад ба куфр, ширк, ифтиро (тӯҳмат бастан) ба Аллоҳ, такзиб кардани Аллоҳ ва Расулаш бирасонад.
Аллоҳ субханаҳу Таъала мефармояд:
«Аз он чи дар бораи он илм надорӣ, пайравӣ макун, (аз паси он марав) зеро ки гӯш, чашм ва дил ҳар кадомаш дар бораи он пурсида мешавад.»
(Сураи Исро, 36)
Ибн Таймия رحمه الله гуфтаанд:
Бешак,Аллоҳ Таъало ҷоҳилона ва беъилмона сухан карданро ба сурати умум ҳаром кардааст, ва махсусан ҳарф задан дар бораи худашро (Аллоҳ) бе илм ҳаром кардааст.
Аллоҳ таъоло фармудааст:ْ
Бигӯ: Робби ман ҳаром гардонидааст зиштиҳоро, хоҳ ошкор бошанд ва хоҳ пинҳон; ва гуноҳро; ва зулмро бе ҳақ; ва он ки ба Аллоҳ шарик қоил шавед чизеро, ки Ӯ барои он ҳеҷ далеле нозил накардааст; ва ин ки дар бораи Аллоҳ чизе бигӯед, ки намедонед.
(Сураи Аъроф, ояти 33)
Ва Шайхул Ислом ин оятро ҳуҷҷат оварда аст, ки беъилмона сухан кардан дар шариъат ва ба хусус дар ҳаққи Аллоҳ ҳаром аст..
Маҷмуъ ал-Фатава,ҷилди 3, саҳифаи 346)
Ва ҳам чунин Шайхул-Ислом мефармояд:
Ҳар касе ки дар дин бидуни илм сухан гӯяд — дуруғгӯ аст, ҳатто агар қасди дуруғ гуфтанро надошта бошад.
(Маҷмуъул-Фатово, ҷилд 10 саҳ 449)
Аллоҳ Таъала мефармояд:
Ва магӯед ба чизе, ки забонатон дурӯғ мебофад: «Ин ҳалол аст ва он ҳаром», то бар Аллоҳ дурӯғ набандед. Ҳаройине, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд, ҳаргиз наҷот намеёбанд.
(Сураи ан-Наҳл, ояти 116)
Кист золимтар аз он касе, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад ё ҳақро, чун назди ӯ ояд, инкор мекунад? Оё дар дӯзах ҷойгоҳе барои кофирон нест?
(Сураи Ал-Анкабут, ояти 68)
Ибни Қайим раҳимаҳуллоҳ мегӯяд:
Ҳеҷ гуна гуноҳе, ки аз сухан гуфтан дар бораи Аллоҳ бе илм бузургтар бошад, вуҷуд надорад. Сарчашмаи ширк ва куфр ҳамон гуноҳ (бе илми) аст. Ҳамаи бидъатҳо ва гумроҳӣҳо аз ҳамин сабаб ба амал меоянд...
Асосии ширк ва куфр ин аст, ки инсон дар бораи Аллоҳ бидуни илм сухан гӯяд. Масалан, мушрик мепиндорад, ки чизе, ки вай ба он ибодат мекунад, ӯро ба Аллоҳ наздик мекунад; аз Аллоҳ мехоҳад (то Аллоҳ барои ӯ шифоат кунад); ҳамчун миёнарав миёни ӯ ва Аллоҳ қарор мегирад ва ниёзҳои ӯро қонеъ мекунад, ӯро аз мушкилот раҳо месозад. Яъне, мушрик воқеан дар бораи Аллоҳ бидуни илм сухан мегӯяд ва
тасаввуротҳои нохудро дар бораи Ӯ дорад, ки дар асоси ягон илм нест.
Аммо на ҳар касе, ки дар бораи Аллоҳ бидуни илм сухан мегӯяд, мушрик аст. Ин метавонад хеле васеътар аз ширк бошад, масалан, вақте ки инсон баъзе аз сифатҳо ва ё бидъатҳоро дар дин қабул намекунад. Ба ҳамин тартиб, гуфтан дар бораи Аллоҳ бидуни илм маънои васеътаре нисбат ба ширк дорад. Ширк танҳо як шакли гуфтан дар бораи Аллоҳ бидуни илм аст. Дигар намудҳои ихтилоф дар Аллоҳ ва гуфтан дар бораи Ӯ бидуни илм бидъатҳо дар дин мебошанд. То вақте ки бидъаткорон аз бидъатҳои худ набароянд, онҳо наметавонанд аз гуноҳ наҷот ёбанд. Аммо чӣ гуна
метавонанд онҳо аз бидъатҳо бароянд, агар ҳатто намедонанд,ки амалашон бидъат аст? Баръакс, онҳо онро суннати Расули Аллоҳ ﷺ мегиранд. То вақте ки онҳо ба суннати аслӣ намоиш надиҳанд ва онро хуб омӯхта, фаҳманд, ки онҳо гуноҳкор мебошанд.
(Мадариҷ ас-Саликин, 1/378)
⬅️
Агар сахтиҳо расанд, ҳатман ки пас аз сахтӣ сабукӣ меояд.
💡
Ибни Қаййим (раҳимаҳуллоҳ ):
«Ҳар гоҳ Аллоҳ Таъоло дариеро ба сӯи ғам бубандад, дари дигарро ба сӯи раҳмат мекушояд. Аммо банда наметавонад интизор шавад ва ноумед мешавад. Агар медонист, ки чӣ қадар раҳмат дар пушти он сахтӣ пинҳон аст, ҳаргиз шикоят намекард.»
💡
Абдуллоҳ ибни Масъуд (радияллоҳу ъанҳу) мегуфт:
«Нафратовартарини чиз барои ман он аст, ки як банда ноумед шавад, ҳол он ки роҳи дуо боз аст.»
💎
Умар ибни Хаттоб (радияллоҳу ъанҳу) мегуфт:
«Ман ғам намехӯрам, ки дуоям иҷобат мешавад ё не — ман танҳо ба дуо машғул мешавам, зеро ки агар дуо дода шуд, иҷобат ҳатман меояд.»
🎙️
Панд:
Ноумедӣ аз раҳмати Аллоҳ хислати кофирон аст
«... Ва аз раҳмати Аллоҳ ноумед намешаванд, магар қавми кофирон.»
(Сураи Юсуф, ояти 87):
🌙
Пас, ҳар гоҳ душворие фаро расад, бидон, ки Аллоҳ туро санҷида истодааст ва баъд аз он осонӣ меояд. Сабр кун, дуо кун ва аз раҳмати Аллоҳ ноумед машав.
إِنَّ ٱللَّهَ وَمَلَـٰٓئِكَتَهُۥ يُصَلُّونَ عَلَى ٱلنَّبِىِّۚ يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ صَلُّواْ عَلَيۡهِ وَسَلِّمُواْ تَسۡلِيمًا
Ҳамоно, Аллох ва фариштагони Ӯ бар пайғамбар дуруд мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар вай дуруд бифиристед ва ба салом гуфтане салом гӯед.
( Ал-Аҳзоб : оят 56 )
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نُودِىَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوۡمِ ٱلۡجُمُعَةِ فَٱسۡعَوۡاْ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَذَرُواْ ٱلۡبَيۡعَۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٌۭ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
Эй мӯъминон, чун дар рӯзи ҷумъа азон барои намоз дода шавад, пас, ба сӯи ёд кардани Худо саъй кунед ва хариду фурӯшро бигузоред; агар медонед, ин барои шумо беҳтар аст.
( Ал-Ҷумъа : оят 9 )
فَإِذَا قُضِيَتِ ٱلصَّلَوٰةُ فَٱنتَشِرُواْ فِى ٱلۡأَرۡضِ وَٱبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِ ٱللَّهِ وَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرًۭا لَّعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ
Ва чун намоз тамом карда шавад, дар замин пароканда шавед ва аз фазли Худо талаб кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, то бошад ки растагор шавед.
(Ал-Ҷумъа : оят 10)
ٱللَّٰهُمَّ صَلِّ عَلَىٰ مُحَمَّدٍ وَعَلَىٰ آلِ مُحَمَّد
"Аллоҳумма салли ъала Муҳаммадин ва ъала али Муҳаммад"
@Islom_vidio_kartinka
🤍